«Андалеб -2016»: ҳаваскорони Кӯлоб 98,4 хол ба даст оварданд

Август 17, 2016 13:49

Душанбе, 17.08.2016. /АМИТ «Ховар»/.  Тавре ки қаблан иттилоъ дода будем, дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев  даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016»   аз 12 то 21 августи соли равон баргузор мегардад.
Ин навбат дар фестивал намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии ҳаваскорони шаҳри Кӯлоб  манзури бинандагон гардид.
Аз байни шартҳои озмун иҷрои суруди якка- «Модар» аз ҷониби ҳунарманди ҷавон Бахтиёри Комил ва рақси якка- «Ҷавонӣ» дар иҷрои ҳаваскори ҷавон Раҳима Қосимова ба   тамошобинон бештар писанд омад. Ҳакамон иброз доштанд, ки ҳам рақс ва ҳам суруд дар сатҳи баланди касбӣ иҷро шуд  ва ҳар ду намоишро бо 10 холӣ баҳогузорӣ намуданд. Дар маҷмӯъ шаҳри Кӯлоб 98,4 хол ба даст овард.
Хотиррасон менамоем,  аз 10 шаҳру навоҳии кишвар, ки ба даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016»   роҳ ёфтаанд, ҳунармандони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе   ба гирифтани 100,6 хол сазовор гардида, аз дигарон пешсафанд.

Август 17, 2016 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад