«Андалеб-2016»: Ноҳияи Файзобод 100,6 хол ба даст овард
Душанбе, 19.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. 18 август дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии ноҳияи Файзобод дар даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб-2016» баргузор гардид.
Доварон ба намоиши ҳунарҳои мардумии ноҳияи Файзобод 8,7 хол доданд. То ин муддат дар шарти мазкур ин баҳои баландтарин буда, баробари баҳои ба дастовардаи ноҳияи Рӯдакӣ мебошад.
Аз байни шартҳои барномаи консертӣ рақс бо номи «Гулбез» дар иҷрои хонандаи синфи 11-и МТМУ №41 ноҳияи Файзобод Хушбӯи Ҳамидзод ҳамаро мафтун кард ва аз ҷониби доварон ба 10 хол сазовор дониста шуд.
Инчунин суруди ҳаҷвии «Виҷдон» дар иҷрои гурӯҳи ҳаҷвнигорони ноҳия бо 10 хол ва сюитаи овозию рақсӣ бо номи «Тоҷикистон-тоҷи номусу шараф» дар иҷрои гурӯҳи ҳунармандон бо 9,9 хол баҳогузорӣ шуд.
Дар маҷмўъ, ноҳияи Файзобод 100,6 хол ба даст овард, ки то имрўз ин нишондиҳандаи баландтарин мебошад. Хотиррасон бояд кард, ки ноҳияи Синои шаҳри Душанбе низ 100,6 холро сазовор гардида буд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






