«Андалеб-2016»: Ноҳияи Файзобод 100,6 хол ба даст овард

Август 19, 2016 15:36

Душанбе, 19.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. 18 август дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии ноҳияи Файзобод дар даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб-2016» баргузор  гардид.
Доварон ба намоиши ҳунарҳои мардумии ноҳияи Файзобод 8,7 хол доданд. То ин муддат дар шарти мазкур ин баҳои баландтарин буда, баробари баҳои ба дастовардаи ноҳияи Рӯдакӣ мебошад.
Аз байни шартҳои барномаи консертӣ рақс бо номи «Гулбез» дар иҷрои хонандаи синфи 11-и МТМУ №41 ноҳияи Файзобод Хушбӯи Ҳамидзод ҳамаро мафтун кард ва аз ҷониби доварон ба 10 хол сазовор дониста шуд.
Инчунин суруди ҳаҷвии «Виҷдон» дар иҷрои гурӯҳи ҳаҷвнигорони ноҳия бо 10 хол ва сюитаи овозию рақсӣ бо номи «Тоҷикистон-тоҷи номусу шараф» дар иҷрои гурӯҳи ҳунармандон бо 9,9 хол баҳогузорӣ шуд.
Дар маҷмўъ, ноҳияи Файзобод 100,6 хол ба даст овард, ки то имрўз ин нишондиҳандаи баландтарин мебошад. Хотиррасон бояд кард, ки ноҳияи Синои шаҳри Душанбе низ 100,6 холро сазовор гардида буд.

Август 19, 2016 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад