«Андалеб 2016»: санъаткорони ҳисорӣ 95 хол ба даст оварданд
Душанбе, 19.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраев ҳаваскорони ноҳияи Ҳисор дар даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016» намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии худро пешкаши мухлисону доварон гардониданд.
Суруди якка бо номи «Тоҷикистон» дар иҷрои ҳаваскор Равшан Додарбеков аз ҷониби ҳаводорони санъати мусиқӣ хуш пазируфта шуда, доварон онро сазовори 10 хол донистанд.
Инчунин ҳакамон маҳорати баланди Фарҳодҷон Сафаровро дар овозхонӣ ҳангоми иҷрои суруди ҳаҷвии «Лофи арақхӯр» таъкид намуда, бинобар такрорӣ будани мавзӯъ онро ба 9,3 хол сазовор донистанд. Дар маҷмӯъ, ноҳияи Ҳисор 95 хол ба даст овард.
Хотиррасон менамоем, аз 10 шаҳру навоҳии кишвар, ки ба даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016» роҳ ёфтаанд, ҳунармандони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва ноҳияи Файзобод бо 100,6 холӣ пешсафанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






