«Андалеб 2016»: санъаткорони ҳисорӣ 95 хол ба даст оварданд

Август 19, 2016 15:56

Душанбе, 19.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраев ҳаваскорони ноҳияи Ҳисор дар даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016» намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии худро пешкаши мухлисону   доварон гардониданд.
Суруди якка бо номи  «Тоҷикистон» дар иҷрои ҳаваскор Равшан Додарбеков  аз ҷониби ҳаводорони санъати мусиқӣ  хуш пазируфта шуда,  доварон   онро сазовори 10 хол донистанд.
Инчунин ҳакамон маҳорати баланди Фарҳодҷон Сафаровро дар  овозхонӣ ҳангоми иҷрои суруди ҳаҷвии «Лофи арақхӯр» таъкид намуда, бинобар такрорӣ будани мавзӯъ онро   ба  9,3 хол сазовор донистанд. Дар маҷмӯъ, ноҳияи Ҳисор 95 хол ба даст овард.
Хотиррасон менамоем,  аз 10 шаҳру навоҳии кишвар, ки ба даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016»   роҳ ёфтаанд, ҳунармандони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе   ва ноҳияи Файзобод бо 100,6 холӣ пешсафанд.

Август 19, 2016 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад