Анвар Юнусов аз ҳуқуқи мубориза барои медалҳои олимпӣ маҳрум гардид

Август 10, 2016 11:13

Душанбе, 10.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Муштзани маъруфи тоҷик Анвар Юнусов  ҳангоми муҳориба бо ҳарифаш Робсон Консейкао аз Бразилия бо нокаути техникӣ мағлуб шуд.
Дар ин бора  ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи  миллии олимпии  Тоҷикистон  хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар қувваозмоии шаби гузашта баъди раунди аввал Анвар Юнусов бо иллати дарди дасти росташ аз идомаи рақобат даст кашид ва Робсон Консейкао ба даври баъдии мусобиқа роҳ ёфт.
Ёдовар мешавем, ки дасти рости Анвар Юнусов дар гузашта ҷарроҳӣ шуда буд ва дар қувваозмоӣ бо Ҷун Шан, муштзани чинӣ дар даври аввали мусобиқот (6 август) Анвар бо дасти чапи худ бештар зарба зад. Он вақт шореҳони варзиш гуфтанд, ки шояд дасти рости муштзани тоҷик лат хӯрда бошад.
Бояд зикр кард, ки Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ, ки дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия ҷараён доранд ва дар онҳо Тоҷикистонро 7 варзишгар намояндагӣ мекунанд. Баъди шикасти Анвар Юнусов барои медалҳои олимпӣ Комроншоҳи Устопириён, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, Олим Қурбонов, Анастасия Тюрина, Кристина Пронженко ва Дилшод Назаров мубориза хоҳанд кард.
Имрӯз  варзишгари дигари тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар сабқати дзюдо дар вазни то 90 кг ба майдон мебарояд.

Август 10, 2016 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе