Анвар Юнусов аз ҳуқуқи мубориза барои медалҳои олимпӣ маҳрум гардид
Душанбе, 10.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Муштзани маъруфи тоҷик Анвар Юнусов ҳангоми муҳориба бо ҳарифаш Робсон Консейкао аз Бразилия бо нокаути техникӣ мағлуб шуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар қувваозмоии шаби гузашта баъди раунди аввал Анвар Юнусов бо иллати дарди дасти росташ аз идомаи рақобат даст кашид ва Робсон Консейкао ба даври баъдии мусобиқа роҳ ёфт.
Ёдовар мешавем, ки дасти рости Анвар Юнусов дар гузашта ҷарроҳӣ шуда буд ва дар қувваозмоӣ бо Ҷун Шан, муштзани чинӣ дар даври аввали мусобиқот (6 август) Анвар бо дасти чапи худ бештар зарба зад. Он вақт шореҳони варзиш гуфтанд, ки шояд дасти рости муштзани тоҷик лат хӯрда бошад.
Бояд зикр кард, ки Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ, ки дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия ҷараён доранд ва дар онҳо Тоҷикистонро 7 варзишгар намояндагӣ мекунанд. Баъди шикасти Анвар Юнусов барои медалҳои олимпӣ Комроншоҳи Устопириён, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, Олим Қурбонов, Анастасия Тюрина, Кристина Пронженко ва Дилшод Назаров мубориза хоҳанд кард.
Имрӯз варзишгари дигари тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар сабқати дзюдо дар вазни то 90 кг ба майдон мебарояд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






