Ҷавондухтарону ҷавонписарон дар «Машқҳои пагоҳирӯзӣ» дар Панҷакент фаъолона иштирок намуданд

Август 13, 2016 10:50

Душанбе, 13.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент бо иштироки ҷавондухтарону ҷавонписарон «Машқҳои пагоҳирӯзӣ»  баргузор гардид.
Мавриди зикр аст, бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон шурӯъ аз 6 август ҳар рӯзи шанбе соати 06:00 баргузории «Машқҳои пагоҳирӯзӣ»-ро дар саросари кишвар роҳандозӣ мекунад.
Ин тадбир дар партави татбиқи дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати солимгардонии ҷомеа, оммавигардонии варзиш ва ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба варзиш  роҳандозӣ шуда, мақсади асосиааш фарогирии бештари аҳолӣ ба варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.
Аз ин баъд рӯзи шанбе дар саросари мамлакат Рӯзи варзиш эълон шудааст.

Август 13, 2016 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе