Ҷавондухтарону ҷавонписарон дар «Машқҳои пагоҳирӯзӣ» дар Панҷакент фаъолона иштирок намуданд
Душанбе, 13.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент бо иштироки ҷавондухтарону ҷавонписарон «Машқҳои пагоҳирӯзӣ» баргузор гардид.
Мавриди зикр аст, бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон шурӯъ аз 6 август ҳар рӯзи шанбе соати 06:00 баргузории «Машқҳои пагоҳирӯзӣ»-ро дар саросари кишвар роҳандозӣ мекунад.
Ин тадбир дар партави татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати солимгардонии ҷомеа, оммавигардонии варзиш ва ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба варзиш роҳандозӣ шуда, мақсади асосиааш фарогирии бештари аҳолӣ ба варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.
Аз ин баъд рӯзи шанбе дар саросари мамлакат Рӯзи варзиш эълон шудааст.











ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






