Аввалин гурӯҳи ҳоҷиёни Тоҷикистон ба Мадинаи мунаввара расиданд

Август 22, 2016 10:28

Душанбе, 22.08.2016. /АМИТ «Ховар»/.  21 август нахустин гурӯҳи ҳоҷиёни тоҷик ба Мадинаи мунаввара расиданд. Дар фурудгоҳи шаҳри Мадина ҳоҷиёни Тоҷикистонро сардори шуъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумита Абдуғаффор Юсуфов, аъзои гурӯҳи корӣ ва намояндагони ширкати хизматрасони кишвари Арабистони Саудӣ истиқбол намуданд. Ҳоҷиёни тоҷик дар меҳмонхонаҳои атрофи ҳарам, ки то масҷиди набавӣ ҳамагӣ то сад метр масофа доранд, ҷойгир карда шуданд.
Дар назар аст, ки имрӯз, 22-юми август ин гурӯҳи ҳоҷиёни мо аз мавзеъҳои таърихии Мадинаи мунаввара, аз ҷумла масҷиди «Қубо», масҷиди «Қиблатайн», кӯҳи Уҳуд ва амсоли он дидан намоянд.
Баъди чанд рӯзи будубош дар Мадинаи мунаввара ҳоҷиён ба Маккаи мукаррама сафарбар мешаванд.

Август 22, 2016 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад