Ба деҳаи Раҳмонобод оби полезӣ интиқол дода шуд
Хоруғ, 29.08. 2016. /АМИТ«Ховар»/.Ба деҳаи Раҳмонободи ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнони ВМКБ аз масофаи 5 километр, аз рӯдхонаи Шорвдара тавассути қубури обгузари 160 милиметра об интиқол дода шуд. Аз ин об сокинони деҳа барои обёрӣ намудани киштзору марғзорон, боғу заминҳои наздиҳавлигиашон истифода мебаранд. Сокини ин деҳа Мамадиброҳим Иброҳимов гуфт, ки баъди зери сел мондани деҳаи Барсем бо дастури Пешвои миллат дар муддати ду моҳ барои 80 хонаводаи зарардида дар ҳамин дашти Питоб хонаҳои истиқоматӣ, бунгоҳи тиббӣ, муассисаи таълимӣ, мағоза ва дигар марказҳои хизматрасонӣ бунёд карда шуданд. Азбаски дар ин дашт рӯдхона вуҷуд надошт, тавассути чоҳи амудӣ аз қаъри замин оби ошомиданиро берун ва ба воситаи қубурҳо ба шаҳрча интиқол доданд. То ҳамин рӯз гулу буттаҳо, дарахтони сари роҳ ва назди хона ба қадри имкон аз ин об баҳра бурда, аз хушкшавӣ эмин нигоҳ дошта шуданд.
Инак дар остонаи ҷашни таърихӣ- 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси кормандони ҶДММ «Шариф Ш.С» бо сарфи 850 ҳазор сомонӣ аз масофаи 5 километр ба ин деҳа оби фаровон оварда шуд. Ба гуфтаи сокинони деҳа, акнун онҳо имкон пайдо карданд, ки қитъаҳои замини бекорхобидаро ба боғу киштзор табдил диҳанд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






