Ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург мусобиқа оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Душанбе, 23.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар Русия ҳамроҳ бо созмонҳои иҷтимоии зодагони Тоҷикистон дар вилояти Ленинград ва Санкт-Петербург, 21-уми август дар шаҳри Санкт-Петербург мусобиқа оид ба варзиши миллӣ- гӯштингирӣ баргузор гардид.
Бино ба иттилои котиби матбуоти намояндагӣ Иброҳим Аҳмадов, мусобиқа дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он наздики 5000 ҳамватанони мо ширкат варзиданд.
Иброҳим Аҳмадов илова намуд: «Дар мусобиқа беш аз 50 варзишгар аз минтақаҳои гуногуни Русия иштирок намуданд. Бино ба иттилои ташкилкунандагон фонди ҷоизавии мусобиқа 900 ҳазор рублро ташкил додааст. Ҳамчунин ғолибон бо дипломҳои фахрии созмонҳои иҷтимоӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Дар охири чорабинӣ, тибқи анъана дастархони идона ороста шуд ва меҳмонону иштирокчиёнро бо палави тоҷикӣ зиёфат доданд».
Чунин чорабиниҳо ба ифтихори Истиқлолияти Тоҷикистон дар минтақаҳои дигари Русия низ гузаронида мешаванд.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






