Ба истиқболи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо муҳоҷирон мулоқот барпо мегардад
Душанбе, 20.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафорати ҶТ дар ФР ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират нақшаи чорабиниҳоро таҳия намудааст, ки дар асоси он шурӯъ аз 21 август дар манотиқи гуногуни ФР силсилаи мулоқоту вохӯриҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ-маърифатӣ баргузор мегарданд.
Тавре ки котиби матбуотии намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират Иброҳим Аҳмадов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, мувофиқи нақшаи мазкур дар ҳавзаи марказии федеролй, аз ҷумла дар шаҳри Маскав ва вилоятҳои Маскав, Владимир, Твер, Иваново ва Тула дар марказҳои тиҷоратӣ, майдонҳои сохтмонӣ ва ташкилоту муассисаҳое, ки ҳамватанони мо фаъолият менамоянд, мулоқот гузаронида мешаванд. Дар вохӯриҳо асосан оид ба моҳияти истиқлолияти давлатӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, саҳми Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои давлатдории навини тоҷикон ва навгониҳои қонунгузории федералӣ оид ба муҳоҷират сухан мегӯянд.
Инчунин барои хотирмону ҷолиб истиқбол гирифтани ҷашни фархундаи Истиқлолияти давлатӣ Намояндагӣ дар ҳамкорӣ бо Сафорати ҶТ, консулгариҳо ва ташкилоту созмонҳои ҷамъиятии ҳамватанони бурунмарзӣ бахшида ба ин санаи муборак конфронсу суҳбатҳо, маҳфилҳои фарҳангӣ ва варзишӣ баргузор менамояд. Аз ҷумла, 21 август дар шаҳри Санкт-Петербург мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштин доир карда мешавад. Дар ин сабқат, ки ба ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон бахшида шудааст, беҳтарин паҳлавонҳо аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя ва манотиқи гуногуни Русия дархости иштирок кардаанд.
Дар назар аст, ки 28 август миёни дастаҳои ҷамъиятҳои миллии муқими шаҳри Санкт-Петербург мусобиқаи футбол доир карда шавад. Дар доираи чорабиниҳо ба муносибати солгарди истиқлолият, ҳамчунин 3 сентябр бо ширкати доираи васеи коршиносону мутахассисон конфронси илмию амалӣ дар мавзӯи «Дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 25 сол ва саҳми диаспораҳои тоҷик дар таҳкими муносиботи Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ» баргузор мегардад,-илова намуд И.Аҳмадов.
Бино ба гуфтаи манбаъ, чунин вохӯриҳо дар шаҳрҳои Екатеринбург, Қазон, Новосибирск, Сочи, Хабаровск ва Волгоград низ гузаронида мешаванд.
Маҳфили асосӣ бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Сафорати ҶТ дар ФР ва дигар намояндагиҳои расмии Тоҷикистон дар яке аз толорҳои муҳташами шаҳри Маскав бо ширкати меҳмонони воломақом, намояндагиҳои расмии кишварҳои хориҷӣ ва ҳамватанони фаъол, ки таъриху тамаддун, илму фарҳанги миллати тоҷикро муаррифӣ ва тарғиб намуда, обрӯву нуфузи онро дар кишвари иқомат боло мебардоранд, доир мегардад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






