Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаҳои 2121 ва 2122 бо мазмуни нав илова карда шуданд
Душанбе, 13.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Аз 23 июли соли равон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», таҳти №1331 ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаҳои 2121 ва 2122 бо мазмуни нав илова карда шуданд. Аз ҷумла моддаи 2121-Идора намудани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатии бегона, рақами қалбакӣ ва ё тайёр кардани рақамҳои қалбакии қайди воситаи нақлиёт чунин таҳрир ёфт:
1. Идора намудани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатии бегона, рақами қалбакӣ, агар дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои чунин кирдор содир шуда бошад,
— бо ҷарима ба андозаи аз сад то яксаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
2. Тайёр кардани рақамҳои қалбакии қайди воситаи нақлиёт,
— бо ҷарима ба андозаи аз яксаду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин муҳлат ҷазо дода мешавад.
Инчунин, моддаи 2122-Идора кардани воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад, минбаъд чунин хонда мешавад:
Идора кардани воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад, инчунин аз тарафи ин шахс барои идоракунӣ додани воситаи нақлиёт ба шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад, агар дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои чунин кирдор содир шуда бошад,
-бо корҳои ҳатмӣ ба муҳлати аз сад то яксаду панҷоҳ соат ё бо ҷарима ба андозаи то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки Қонуни зикршуда 29 июли соли 2016 дар рӯзномаи расмии «Ҷумҳурият» №150-152 (22 972-974) интишор гардида, мавриди амал қарор дода шудааст.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






