Ба муҳоҷирони экологӣ қарзҳои имтиёзнок ва кумаки яквақтаина дода шуд

Август 1, 2016 11:27

 Душанбе, 01.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Сари вақт дастрас намудани қарзҳои имтиёзнок ба муҳоҷирони дохилию экологӣ дар маркази диққати раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва сохторҳои он қарор дорад.
Тибқи иттилои шуъбаи Хадамоти муҳоҷират, дар шаҳри Хуҷанд ба оилаҳои муҳоҷирони экологии шаҳр аз ҷониби шуъбаи Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» дар шаҳри Хуҷанд қарзҳои имтиёзнок ва кумаки яквақтаина дастрас гардид.
Оилаҳои  муҳоҷирони экологии шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Ашт,  Деваштич ва Шаҳристон низ аз имтиёзҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, бархӯрдор гаштанд.

Август 1, 2016 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид