Бар асари боришоти зиёди борон дар Исфара сел омад

Август 17, 2016 11:42

Душанбе, 17.08.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Бар асари офати табиӣ-  борони  пуршиддат, ки тахминан баъд аз соати 18.30-и шоми дирӯз сар шуда,  1-1,5 соат идома кард, дар маҳалҳои гуногуни шаҳри Исфара сел омад.
Ба иттилои сухангӯи шаҳрдори Исфара Иқбол Тешаев, бар асари омадани сел ба маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳраки Шӯроб, маҳаллаҳои навбунёди Сомониён, Афғонҳо, маҳаллаҳои 13, 14 ва 15, маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳраки Навобод, Ҷазира ва Матпарӣ хисороти зиёд расидааст.
Инфрасохтори шаҳр мувоҷеҳи хисорот қарор гирифта, анқариб давоми як соат ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Исфара имконнопазир гардид. Дар баъзе маҳаллаҳои шаҳр хаттҳои интиқоли барқ осеб дидаанд. Талафи якчанд чорво ва осеб дидани якчанд нақлиёти шаҳрвандон ба мушоҳида гирифта шудааст.
Ситоди ҳолатҳои фавқулода даъват гардида, таҳти сарварии раиси шаҳр Дилшод Расулзода комиссияи махсус фаъолият дорад ва вазъиятро ҳар лаҳза таҳти назорат қарор додааст.

Август 17, 2016 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад