Бар асари боришоти зиёди борон дар Исфара сел омад
Душанбе, 17.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари офати табиӣ- борони пуршиддат, ки тахминан баъд аз соати 18.30-и шоми дирӯз сар шуда, 1-1,5 соат идома кард, дар маҳалҳои гуногуни шаҳри Исфара сел омад.
Ба иттилои сухангӯи шаҳрдори Исфара Иқбол Тешаев, бар асари омадани сел ба маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳраки Шӯроб, маҳаллаҳои навбунёди Сомониён, Афғонҳо, маҳаллаҳои 13, 14 ва 15, маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳраки Навобод, Ҷазира ва Матпарӣ хисороти зиёд расидааст.
Инфрасохтори шаҳр мувоҷеҳи хисорот қарор гирифта, анқариб давоми як соат ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Исфара имконнопазир гардид. Дар баъзе маҳаллаҳои шаҳр хаттҳои интиқоли барқ осеб дидаанд. Талафи якчанд чорво ва осеб дидани якчанд нақлиёти шаҳрвандон ба мушоҳида гирифта шудааст.
Ситоди ҳолатҳои фавқулода даъват гардида, таҳти сарварии раиси шаҳр Дилшод Расулзода комиссияи махсус фаъолият дорад ва вазъиятро ҳар лаҳза таҳти назорат қарор додааст.












АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон хаво 24 дараҷа гарм мешавад
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






