Баргузории семинари варзишӣ дар шаҳри Кӯлоб

Август 27, 2016 10:15

Кӯлоб, 27.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади тақвият бахшидан ба рушди соҳаи варзиш  бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастурдиҳандагони мактабҳои варзишии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ машваратҳо роҳандозӣ шудаанд.

Бо ин мақсад дар шаҳри Кӯлоб барои зиёда аз 20 нафар дастурдиҳандагон машварат доир гардид. Дар кори он мутахассисони варзидаи соҳаи варзиш ширкат намуда, тарзу усулҳои нави таълимӣ, қоидаҳои нав дар соҳаҳои алоҳидаи варзиш, намунаи нақшаи баргузории тамрин дар намудҳои гуногуни варзиш ва мавзўъҳои ҷолиб мавриди бозомӯзии иштирокдорон қарор гирифтанд.

Дар ҷамъбасти машварат иштирокдорон аз баргузории чунин ҷамъомад изҳори миннатдорӣ намуда, ташкили ин қабил тадбирҳои варзиширо ба манфиати кор арзёбӣ карданд.

Август 27, 2016 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе