Баргузории семинари варзишӣ дар шаҳри Кӯлоб
Кӯлоб, 27.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади тақвият бахшидан ба рушди соҳаи варзиш бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастурдиҳандагони мактабҳои варзишии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ машваратҳо роҳандозӣ шудаанд.
Бо ин мақсад дар шаҳри Кӯлоб барои зиёда аз 20 нафар дастурдиҳандагон машварат доир гардид. Дар кори он мутахассисони варзидаи соҳаи варзиш ширкат намуда, тарзу усулҳои нави таълимӣ, қоидаҳои нав дар соҳаҳои алоҳидаи варзиш, намунаи нақшаи баргузории тамрин дар намудҳои гуногуни варзиш ва мавзўъҳои ҷолиб мавриди бозомӯзии иштирокдорон қарор гирифтанд.
Дар ҷамъбасти машварат иштирокдорон аз баргузории чунин ҷамъомад изҳори миннатдорӣ намуда, ташкили ин қабил тадбирҳои варзиширо ба манфиати кор арзёбӣ карданд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






