Барои татбиқи 10 лоиҳаи афзалиятноки сармоягузорӣ 14 созишномаи нав ба имзо расиданд
Душанбе,09.08.2016 /АМИТ «Ховар/. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи шаш моҳи соли равон дар ҳамбастагӣ бо дигар мақомоти марбутаи кишвар ва шарикони рушд барои татбиқи 10 лоиҳаи афзалиятноки сармоягузорӣ 14 созишномаи навро ба имзо расонд. Маблағи умумии созишномаҳои баимзорасонидашуда 133 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,5 миллион доллар зиёд мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки дар соли равон ба имзо расонидани созишномаҳо афзоиш ёфтааст, зеро ин омор дар ҳамин давраи соли 2015 шаш ададро ташкил дода буд.
Аз маблағи умумии созишномаҳо беш аз 93 миллион доллари амрикоӣ ё 70 % қарзҳои имтиёзнок ва наздик ба 40 миллион доллари амрикоӣ ё 30 % маблағҳои грантӣ мебошанд.
Қодири Қосим, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки созишномаҳои нав асосан ба рушди соҳаҳои нақлиёт беш аз 50 миллион доллар, бахши давлатӣ наздик ба 30 миллион доллар, кишоварзӣ зиёда аз 25 миллион доллар нигаронида шудаанд. Инчунин созишномаро ба бахши экология ба маблағи 9 миллион доллар, хоҷагии манзилию коммуналӣ 8 миллион доллар ва ҳолатҳои фавқулодда 2,5 миллион доллар равона карда мешаванд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






