Баррасии эҳтимолияти барномаи нави сесолаи Хазинаи Байналмилалии Асъор дар БМТ
Душанбе, 23.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати баррасии эҳтимолияти барномаи нави сесолаи Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА), роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон (ВМТ) бо ҳайати намояндагии ХБА оид ба Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пол Росс мулоқоти корӣ анҷом дод.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти БМТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон меҳмононро бо шарҳи мухтасари макроиқтисодӣ ва вазъи имрӯзаи низоми бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос намуд.
Сипас роҳбари ҳайати намояндагии ХБА оид ба Тоҷикистон Пол Росс барои иштирокдорони мулоқот дар мавриди иҷрои шартҳое, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омода намудани барнома пешниҳод шудаанд, маълумот дод.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо дар мавриди татбиқи Барномаи (ECF) механизми васеи қарздиҳии ХБА ба Тоҷикистон, зарурати расонидани кумак, таҳкими ҳамкории дуҷониба ва натиҷаи корҳои дар ин самт анҷомдодашуда андешаҳои худро баён доштанд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки қисмати зиёди шартҳои пешниҳодкардаи ХБА аз ҷониби БМТ аллакай мавриди иҷро қарор гирифтаанд.
Дар интиҳои суҳбат, роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳайати намояндагии Хазинаи Байналмилалии Асъор барои дастгирии доимии Тоҷикистон аз ҷониби ин ташкилоти молиявии байналмилалӣ миннатдорӣ баён намуд.
Ҳайати намояндагии ХБА аз 22 то 31-уми августи соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ ҳузур дорад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






