Баррасии масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, гирифтани патент ва омӯзиши забони хориҷӣ дар Хадамоти муҳоҷират

Август 16, 2016 17:12

Душанбе, 16.08.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Масъалаҳои  муҳоҷирони меҳнатӣ, гирифтани патент, омӯзиши забони хориҷӣ имрӯз,  16 август зимни мулоқоти сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳир Каримзода бо роҳбари ташкилоти байналмилалӣ доир ба муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Драган Алексоски ва роҳбари гурӯҳи Агентии Иттиҳоди Муттаҳидаи Амрико оид рушди байналмилалӣ (ИМА) Мери Тайлер Холмс мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Зимни вохӯрӣ инчунин  масъалаҳои ташкили марказҳои машваратии омодагии пеш аз сафар, гирифтани сертификат, гузаштани ташхиси тиббӣ, гузаронидани вохӯрию чорабиниҳои таблиғотию ташвиқотӣ байни муҳоҷирони меҳнатӣ муҳокима гаштанд.
Сардори Хадамоти муҳоҷират зикр намуд, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми  Хадамоти муҳоҷират бояд 10 адад Маркази машваратӣ ташкил карда шавад Дар айни замон  4 «Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ ва Қурғонтеппа амал мекунанд. Дар оянда бо пайдо намудани маблағ ва шароити иқтисодӣ бунёди 6 маркази дигар ба нақша гирифта шудааст.
Кормандони Хадамоти муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти дахлдор бо аҳолӣ 710 вохӯрӣ бо ҷалби 59258 нафар гузарониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015- 155 вохӯрӣ бо иштироки 13 512 нафар зиёд мебошад.
Ҳадаф аз гузаронидани чунин вохӯриҳо- ин, пеш аз ҳама, фаҳмонидани муқаррароти қонунҳои Федератсияи Русия ва дигар кишварҳои будубош дар самти муҳоҷират, гирифтани шиносномаҳои хориҷӣ, гирифтани сертификат дар бораи донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои давлати Федератсияи Русия, тартиби аз муоинаи тиббӣ гузаштани муҳоҷирони меҳнатӣ ва гирифтани патент барои кор, роҳ надодан ба қонунвайронкунӣ, эҳтиёт аз бемориҳои эҳтимолии сироятӣ, эпидемиологӣ, расонидани кумакҳои молиявию маънавӣ ба аҳли оила, нигоҳ доштани оила ва пос доштани асолати  он, инчунин риояи нангу номус ва одоби тоҷикона, арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ, миллию суннатӣ, баргузории ҷашнҳои давлатию миллӣ ва ғайра мебошад.

Август 16, 2016 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст