Баррасии масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, гирифтани патент ва омӯзиши забони хориҷӣ дар Хадамоти муҳоҷират
Душанбе, 16.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, гирифтани патент, омӯзиши забони хориҷӣ имрӯз, 16 август зимни мулоқоти сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳир Каримзода бо роҳбари ташкилоти байналмилалӣ доир ба муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Драган Алексоски ва роҳбари гурӯҳи Агентии Иттиҳоди Муттаҳидаи Амрико оид рушди байналмилалӣ (ИМА) Мери Тайлер Холмс мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Зимни вохӯрӣ инчунин масъалаҳои ташкили марказҳои машваратии омодагии пеш аз сафар, гирифтани сертификат, гузаштани ташхиси тиббӣ, гузаронидани вохӯрию чорабиниҳои таблиғотию ташвиқотӣ байни муҳоҷирони меҳнатӣ муҳокима гаштанд.
Сардори Хадамоти муҳоҷират зикр намуд, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми Хадамоти муҳоҷират бояд 10 адад Маркази машваратӣ ташкил карда шавад Дар айни замон 4 «Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ ва Қурғонтеппа амал мекунанд. Дар оянда бо пайдо намудани маблағ ва шароити иқтисодӣ бунёди 6 маркази дигар ба нақша гирифта шудааст.
Кормандони Хадамоти муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти дахлдор бо аҳолӣ 710 вохӯрӣ бо ҷалби 59258 нафар гузарониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015- 155 вохӯрӣ бо иштироки 13 512 нафар зиёд мебошад.
Ҳадаф аз гузаронидани чунин вохӯриҳо- ин, пеш аз ҳама, фаҳмонидани муқаррароти қонунҳои Федератсияи Русия ва дигар кишварҳои будубош дар самти муҳоҷират, гирифтани шиносномаҳои хориҷӣ, гирифтани сертификат дар бораи донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои давлати Федератсияи Русия, тартиби аз муоинаи тиббӣ гузаштани муҳоҷирони меҳнатӣ ва гирифтани патент барои кор, роҳ надодан ба қонунвайронкунӣ, эҳтиёт аз бемориҳои эҳтимолии сироятӣ, эпидемиологӣ, расонидани кумакҳои молиявию маънавӣ ба аҳли оила, нигоҳ доштани оила ва пос доштани асолати он, инчунин риояи нангу номус ва одоби тоҷикона, арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ, миллию суннатӣ, баргузории ҷашнҳои давлатию миллӣ ва ғайра мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад






