Баррасии масоили тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ дар ҳузури Сарвазир

Август 16, 2016 17:06

Душанбе, 16.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар ҳузури Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи сеюми Комиссияи доимамалкунанда оид ба тақвияти  истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди истеҳсоли  маҳсулоти содиротӣ баргузор шуд.
Дар ҷаласа роҳбарони вазорату идораҳои мамлакат, раисони вилоятҳо,  шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ,  роҳбарони бонкҳои  давлатӣ ва марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ иштирок намуданд.
Дар кори ҷаласа масъалаҳои вобаста ба иҷрои бандҳои дахлдори суратмаҷлиси ҷаласаи дуюми Комиссия, ҳолати корҳои анҷомдодашуда дар самти таъмини либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ  ва  истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунандаю  содиротӣ  мавриди баррасӣ қарор гирифта, оид ба масъалаҳои рўзнома ҳисоботи роҳбарони зеркомиссияҳои соҳавӣ шунида шуд.
Тавре таъкид гардид, дар давраи ҳисоботӣ «Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» таҳия  гардида, аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор тақвияти истеҳсоли зиёда аз 20 номгўйи  маҳсулоти воридотивазкунанда ва содиротӣ  пешниҳод  шудааст.
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Комиссия, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакатро вазифадор намуд, ки ҷиҳати иҷрои нишондиҳандаҳои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои таъхирнопазир андешида, барои   афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири воридотивазкунанда ва содиротӣ аз имконоту захираҳои мавҷуда самаранок истифода намоянд.

Август 16, 2016 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад