Беш аз 5,5 миллион сомонӣ кумак ба табақаҳои ниёзманд
Душанбе, 25.08.2016/ АМИТ «Ховар»/. Шаҳрдории Душанбе дар арафаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи беш аз 4,5 миллион сомонӣ ба 4887 нафар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ кумак мерасонад.
Аз ҷумла, 73 нафар маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 /ҶДҶ/, як нафар ҳамсари ҷанговари дар ҶДҶ ҳалокгардида, 1 нафар шахси дар муҳосираи шаҳри Ленинград монда ва 3967 нафар кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои пойтахт, ҳар кадоме бо 1000 сомонӣ, аз ин кумакҳо бархӯрдор мегарданд.
Инчунин ба 48 нафар шахсони бо ордену медалҳои ИҶШС барои меҳнати фидокорона ё хизмати бенуқсони ҳарбӣ дар ақибгоҳ дар солҳои ҶДҶ сарфарозгардида, 152 нафар шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, 115 нафар маъюбони амалиёти ҷангӣ дар Афғонистон, 172 нафар маъюбони садамаи Неругоҳи барқӣ-атомии Чернобил ва 318 нафар кормандони сохторҳои сабзазоркунӣ ба андозаи 600 сомонӣ кумакпулии яквақта ҷудо карда шуд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






