Безараргардонии беш аз 5 ҳазор кило меваҳои субтропикии аз АМА вориднамудаи ширкати «Ҳоҷӣ Аслон»
Душанбе, 19.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз панҷ ҳазор кило меваҳои субтропикии вайроншуда — ананас ва манго таҳти низоми гумрукии «нобудкунӣ» дар партовгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ аз ҷониби кормандони Хадамоти гумрук ва Агентии «Тоҷикстандарт» дар ҳузури намояндаи ширкати «Ҳоҷӣ Аслон» нобуд ва безарар гардонида шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Бояд тазаккур дод, ки аз Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) тавассути воситаи нақлиёти боркаш, рақами қайди давлатиаш 8944 МR3158 ба унвони ширкати «Ҳоҷӣ Аслон» ба маблағи наздик ба 20 ҳазор доллари амрикоӣ қариб 22 ҳазор кг мева, аз қабили себ, нок, апелсин, ананас, анор ва манго ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд. Ҳангоми интиқоли қариб 22 ҳазор кг меваҳои субтропикӣ 4 200 кг ананас ва 825 кг манго бинобар сабаби вайрон шудан дар асоси хулосаи мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт» истеъмолашон зарарнок арзёбӣ гардида, ба онҳо сертификати мутобиқат дода нашуд.
Дар натиҷа беш аз 5 ҳазор кг ананас ва манго таҳти низоми гумрукии «нобудкунӣ» ба расмияти гумрукӣ дароварда шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






