Бо иштироки Қоҳир Расулзода дар шаҳри Ваҳдат Баталйони кишоварзӣ ифтитоҳ ёфт

Август 17, 2016 12:11

Душанбе, 17.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Ваҳдат Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар  расми ифтитоҳи Баталйони кишоварзии  Агентии таъминоти амволи  махсуси  назди  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок кард.
Баталйони кишоварзии навтаъсис дар заминаи таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил ёфта  дар ҳудуди  он  корхонаи  коркарди  маҳсулоти  кишоварзӣ ва коргоҳи коркарди гўшт фаъолият менамояд.
Сарвазири мамлакат аз толори хоби сарбозон, ҳуҷраи вохўрии сарбоз  бо аҳли оила, нонвойхона, ҳаммом, толори таълимӣ ва корхонаҳои  истеҳсолии  ҳудуди  баталйон, ки дар фурсати начандон зиёд  ба истифода  дода  шудаанд,  дидан карда, бевосита  бо шароити  хизмати  сарбозӣ  ва  кори истеҳсолот шинос шуд.
Дар   Баталйони  кишоварзии  Агентии таъминоти амволи махсуси  назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  200 сарбоз  ба хизмати  ҳарбӣ  ҷалб гардида, ҳамчунин  дар пешбурди корҳои кишоварзӣ ва истеҳсоли хўрокӣ аз маҳсулоти кишоварзӣ ширкат менамоянд.
Тавре таъкид  гардид, дар  коргоҳҳои  истеҳсолии Баталйони кишоварзӣ  асосан  маводи  хўрокӣ барои «Тўшаи Сарбоз»  аз маҳсулоти хушсифати кишоварзии ватанӣ омода карда мешавад. Номгўйи  маҳсулоти  «Тўшаи Сарбоз»  зиёд буда,  аз  асали табиии кўҳӣ, шири қиёмшуда, хушкмеваи зардолу ва харбуза,  гӯшту биринҷи қиммашуда  ва мураббои меваҳои гуногун иборат мебошад, ки дар ҳамин  корхона омода ва бастабандӣ  мешаванд. То имрўз ҳамин гуна маҳсулот,  яъне  маводи  хўрокии  «Тўшаи Сарбоз»  аз  хориҷи  кишвар бо арзишҳои гарон ворид  карда  мешуд. Аз  ин  баъд Баталйони кишоварзии навтаъсис бо корхонаҳояш  имкон  дорад,  ки  ба  пуррагӣ талаботи  ҷузъу томҳои  низомии  мамлакатро  бо  ин  намуди маҳсулот қонеъ  гардонида,  дар кам намудани номгӯи маҳсулоти воридотӣ саҳми назаррас  гузорад.
Бояд гуфт, ки Баталйони кишоварзӣ дар ҳудуди шаҳри  Ваҳдат  дар  ихтиёри  худ  зиёда  аз 50  гектар  замини корами  обӣ  дорад,  ки  дар  онҳо  парвариши маҳсулоти кишоварзӣ барои коркард дар корхонаҳои  баталйон пешбинӣ шудааст.
Хотиррасон  бояд  шуд, ки  Агентии  таъминоти  амволи  махсуси  назди  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  қаламрави  мамлакат зиёда аз 23 ҳазор гектар замин  дар  ихтиёр  дошта,  дар  онҳо  хоҷагиҳои ёрирасони моҳипарварӣ, мурғпарварӣ, тухмипарварӣ ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварӣ амал менамоянд. Дар баробари ин, Агентии таъминоти  амволи  махсус дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат коргоҳу  корхонаҳои  саноати  дўзандагӣ  дорад, ки дар онҳо  мувофиқ ба фармоиш  барои  сохторҳои  қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот  либоси хушсифати низомӣ  истеҳсол карда мешавад.
Зимни  суханронии  худ  дар  ҳузури сарбозону афсарони Баталйони  кишоварзӣ Сарвазири мамлакат таъсиси Баталйони мазкурро натиҷаи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои рўзафзуни Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ карда, таъкид дошт, ки фаъолияти муназзами баталион дар оянда аз як ҷониб  ба таъмини  сохторҳои  қудратӣ  ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо маводи  хўрокӣ мусоидат намояд, аз ҷониби дигар  барои  ноил гардидан  ба яке  аз ҳадафҳои стратегии мамлакат, яъне таъмини амнияти  озуқаворӣ   нақши  арзанда  мегузорад.

Август 17, 2016 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст