Бо иштироки Қоҳир Расулзода дар шаҳри Ваҳдат Баталйони кишоварзӣ ифтитоҳ ёфт
Душанбе, 17.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Ваҳдат Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар расми ифтитоҳи Баталйони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок кард.
Баталйони кишоварзии навтаъсис дар заминаи таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил ёфта дар ҳудуди он корхонаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва коргоҳи коркарди гўшт фаъолият менамояд.
Сарвазири мамлакат аз толори хоби сарбозон, ҳуҷраи вохўрии сарбоз бо аҳли оила, нонвойхона, ҳаммом, толори таълимӣ ва корхонаҳои истеҳсолии ҳудуди баталйон, ки дар фурсати начандон зиёд ба истифода дода шудаанд, дидан карда, бевосита бо шароити хизмати сарбозӣ ва кори истеҳсолот шинос шуд.
Дар Баталйони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 200 сарбоз ба хизмати ҳарбӣ ҷалб гардида, ҳамчунин дар пешбурди корҳои кишоварзӣ ва истеҳсоли хўрокӣ аз маҳсулоти кишоварзӣ ширкат менамоянд.
Тавре таъкид гардид, дар коргоҳҳои истеҳсолии Баталйони кишоварзӣ асосан маводи хўрокӣ барои «Тўшаи Сарбоз» аз маҳсулоти хушсифати кишоварзии ватанӣ омода карда мешавад. Номгўйи маҳсулоти «Тўшаи Сарбоз» зиёд буда, аз асали табиии кўҳӣ, шири қиёмшуда, хушкмеваи зардолу ва харбуза, гӯшту биринҷи қиммашуда ва мураббои меваҳои гуногун иборат мебошад, ки дар ҳамин корхона омода ва бастабандӣ мешаванд. То имрўз ҳамин гуна маҳсулот, яъне маводи хўрокии «Тўшаи Сарбоз» аз хориҷи кишвар бо арзишҳои гарон ворид карда мешуд. Аз ин баъд Баталйони кишоварзии навтаъсис бо корхонаҳояш имкон дорад, ки ба пуррагӣ талаботи ҷузъу томҳои низомии мамлакатро бо ин намуди маҳсулот қонеъ гардонида, дар кам намудани номгӯи маҳсулоти воридотӣ саҳми назаррас гузорад.
Бояд гуфт, ки Баталйони кишоварзӣ дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат дар ихтиёри худ зиёда аз 50 гектар замини корами обӣ дорад, ки дар онҳо парвариши маҳсулоти кишоварзӣ барои коркард дар корхонаҳои баталйон пешбинӣ шудааст.
Хотиррасон бояд шуд, ки Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави мамлакат зиёда аз 23 ҳазор гектар замин дар ихтиёр дошта, дар онҳо хоҷагиҳои ёрирасони моҳипарварӣ, мурғпарварӣ, тухмипарварӣ ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварӣ амал менамоянд. Дар баробари ин, Агентии таъминоти амволи махсус дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат коргоҳу корхонаҳои саноати дўзандагӣ дорад, ки дар онҳо мувофиқ ба фармоиш барои сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот либоси хушсифати низомӣ истеҳсол карда мешавад.
Зимни суханронии худ дар ҳузури сарбозону афсарони Баталйони кишоварзӣ Сарвазири мамлакат таъсиси Баталйони мазкурро натиҷаи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои рўзафзуни Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ карда, таъкид дошт, ки фаъолияти муназзами баталион дар оянда аз як ҷониб ба таъмини сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо маводи хўрокӣ мусоидат намояд, аз ҷониби дигар барои ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ нақши арзанда мегузорад.








Каналҳои магистралии Вахш ва Шуробод ба таҷдиди куллӣ фаро гирифта шудаанд
Дар заминҳои назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Кӯшониён картошка кишт карда шудааст
Сулҳофар, тоҷикпарвар, ваҳдатгаро, ташаббускор, роҳкушо, нурофар, сипаҳсолор — ҳафт сифати барҷастаи роҳбарии Пешвои миллат
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад






