Бойгонии ВМКБ 80- сола мешавад

Август 27, 2016 08:56

Хоруғ, 27.08.2016. /АМИТ«Ховар»/. Аз таъсиси Бойгонии давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 80 сол мегузарад ва дар давоми  ин солҳо шумораи парвандаҳои расмию ҷамъиятӣ ва шахсӣ то ба 137 ҳазору 220 адад расидааст. Ба гуфтаи мудири бойгонӣ Тоҳир Шодмонбеков: «Дастнависҳое, ки аз соли 1887 то 2010 ба мерос мондаанд, асосан ба ҳуруфоти арабию лотинӣ иншо шудаанд ва дар миёнашон дастхатҳои аслу нодир мавҷуданд. Мо ҳамаи ин ҳуҷҷатҳоро мутобиқ ба шароити мавҷуда нигоҳубин ва маҳфуз медорем. Маъхазҳои муҳим, ки аз таърихи гузаштаву даврони истиқлолияти давлатии мо ҳикоят мекунанд, дар макони махсус нигаҳдорӣ мешаванд, то насли оянда тавонад барои худ маълумоти дақиқ ва ба қавле аз «дасти аввал»  дастрас намояд».

Раҳбари бойгонӣ афзуд, ки ягона мушкили онҳо камбуди мутахассисони касбӣ мебошад.  Ба иллати набудани мутахассисони бойгонишинос ва технологияи муосири электронӣ  ин дастнавису ҳуҷҷатҳо  ба таври бояду шояд мавриди омӯзиш ва таҳқиқи дуруст  қарор нагирифтаанд.

Сарфи назар аз ин камбудиҳо кормандони Бойгонии давлатии ВМБК  пайваста таҷрибаи ҳамкасбони ватанию хориҷиашонро меомӯзанд ва дар кори ҳамешагии худ аз он истифода мебаранд. Маҳз ҳамин талошу заҳматҳояшон буд, ки дар озмуни ҷумҳуриявии «Бойгонии баҳтарин» дар миёни 85 бойгонӣ мақоми аввалро соҳиб шуданд.

 

Август 27, 2016 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад