Бойгонии ВМКБ 80- сола мешавад
Хоруғ, 27.08.2016. /АМИТ«Ховар»/. Аз таъсиси Бойгонии давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 80 сол мегузарад ва дар давоми ин солҳо шумораи парвандаҳои расмию ҷамъиятӣ ва шахсӣ то ба 137 ҳазору 220 адад расидааст. Ба гуфтаи мудири бойгонӣ Тоҳир Шодмонбеков: «Дастнависҳое, ки аз соли 1887 то 2010 ба мерос мондаанд, асосан ба ҳуруфоти арабию лотинӣ иншо шудаанд ва дар миёнашон дастхатҳои аслу нодир мавҷуданд. Мо ҳамаи ин ҳуҷҷатҳоро мутобиқ ба шароити мавҷуда нигоҳубин ва маҳфуз медорем. Маъхазҳои муҳим, ки аз таърихи гузаштаву даврони истиқлолияти давлатии мо ҳикоят мекунанд, дар макони махсус нигаҳдорӣ мешаванд, то насли оянда тавонад барои худ маълумоти дақиқ ва ба қавле аз «дасти аввал» дастрас намояд».
Раҳбари бойгонӣ афзуд, ки ягона мушкили онҳо камбуди мутахассисони касбӣ мебошад. Ба иллати набудани мутахассисони бойгонишинос ва технологияи муосири электронӣ ин дастнавису ҳуҷҷатҳо ба таври бояду шояд мавриди омӯзиш ва таҳқиқи дуруст қарор нагирифтаанд.
Сарфи назар аз ин камбудиҳо кормандони Бойгонии давлатии ВМБК пайваста таҷрибаи ҳамкасбони ватанию хориҷиашонро меомӯзанд ва дар кори ҳамешагии худ аз он истифода мебаранд. Маҳз ҳамин талошу заҳматҳояшон буд, ки дар озмуни ҷумҳуриявии «Бойгонии баҳтарин» дар миёни 85 бойгонӣ мақоми аввалро соҳиб шуданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






