Боздиди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон аз Арабистони Саудӣ
Душанбе, 23.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Риёз дар доираи сафари корӣ ба Арабистони Саудӣ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо муовини раиси Шўрои Арабистони Саудӣ доктор Муҳаммад ибни Амин ал — Ҷафрӣ мулоқот кард.
Аз Сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Арабистони Саудиро дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор доданд.
Муовини раиси Шўрои Арабистони Саудӣ ин мулоқотро омили муҳими рушди ҳамкории байни мақомоти кишварҳо дар роҳи густариши минбаъда арзёбӣ кард.
Юсуф Раҳмон низ дар навбати худ аз тақвияти робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ, ки ҷавобгӯйи манфиатҳои умумии ҳарду кишвар мебошад, изҳори қаноатмандӣ кард.
Зимни сафар Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ҳамчунин бо Шайх Муҳаммад ибни Фаҳд оли Абдуллоҳ, Прокурори генералии Мамлакати Арабистони Саудӣ, Шайх Ғайҳаб ибни Муҳаммад ибни Абдулло ал-Ғайҳаб, раиси Суди олии ин кишвар, Раиси Девони Мазолим, раиси ҳайати мудирияи шикоятҳо Холид ибни Муҳаммад ал-Юсуф ва Шайх доктор Мансур ибни Юсуф ал-Қаффорӣ, ноиби Вазири адлияи Арабистони Саудӣ мулоқот анҷом дод.
Дар ҷараёни суҳбатҳои пурмуҳтаво масъалаҳои ҳамкории барои ҳар ду кишвар манфиатбахш ва дигар мавзуъҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ баррасӣ карда шуд. Таваҷҷуҳи зиёд ба рушди ҳамкорӣ дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ зоҳир гардид.
Ёдовар мешавем, ки 2 январи соли 2016 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ дар Мамлакати Арабистони Саудӣ қарор дошт. Зимни ин сафар Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони воломақоми ин кишвар мулоқотҳои судманду созанда доир карда, масъалаҳои рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкориро баррасӣ намуд.
Аз рӯи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни ду кишвар панҷ санади нави ҳамкорӣ ба имзо расида буд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид






