Бунёди маҷмааи фарҳангию фароғатӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Душанбе, 30.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Бо дастгирию таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи фарҳанг дар ноҳия ба пешрафтҳо ноил мегардад. Ин дастгириҳо ва муҳайё намудани шароит аҳли фарҳангро вазифадор менамояд, ки дар роҳи иҷрои рисолати муҳими миллӣ, дар зеҳни насли наврас ва ҷавонон решадор сохтани ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ба раванди ободониву созандагӣ даъвату сафарбар намудани мардум кӯшиши бештар намоянд». Ин матлаб дар маросими ба истифода додани маҷмаи фарҳангию фароғатӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зикр гардид.
Аз рӯи лоиҳа саҳни бинои бахши фарҳангӣ, ки масоҳати як гектарро ташкил медиҳад, навсозӣ шуда, дар ин ҷо бо ороиши хоса, чароғонкунии мавзеъ ду фаввораи нав ва гулгашти зебо бунёд гардидаанд. Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоотро 30 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷалби 6 техникаи корӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Б.Ғафуров анҷом доданд.
Дар ноҳия 55 иншооти фарҳангӣ мавҷуданд ва давоми 2 соли охир аксари клубу китобхонаҳо таъмиру навсозӣ карда шуда, дар онҳо шароити кору хизматрасонӣ фароҳам оварда шудаанд. Навсозии Қасри фарҳанг ва бунёди маҷмаи фарҳангию фароғатӣ бо тарҳу усули хоса ба маркази ноҳия симои тоза бахшида, барои рушди фарҳанг заминаю шароити мусоид фароҳам овард.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст






