Бунёди Муҷассамаи таърихи фарҳангии «Истиқлол» дар маркази Суғд

Август 24, 2016 12:03

Хуҷанд, 24.08.2016/АМИТ «Ховар»/.  Дар арафаи таҷлили ҷашни бошукӯҳи кишвар  25 солагии Истилолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми роҳбарияти вилояти Суғд  дар маркази вилоят боз як иншооти ҷашнӣ  — Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии  «Истиқлол» ба истифода дода мешавад.  Маҷмааи мазкур дар гардиши мавзеи хиёбони Садриддин Айнӣ, воқеъ дар соҳили рости шаҳри Хуҷанд, паҳлӯи биноҳои асосии таълимии  ДДХ ва ДДҲБСТ бунёд хоҳад шуд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» масъулини сохтмони иншоот иттилоъ доданд, фармоишгари соохтмони иншооти мазкур Идораи сохтмони асосии вилоят ба ҳисоб рафта, ҳоло дар ин мавзеъ аз ҷониби  ҳашт ширкати пудратчӣ  корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Баландии маҷмааи  мазкур 55 метр, паҳноии асосии он 45 м ва паҳноии масоҳати умумии мачмаа  8882 м2-ро дар бар гирифта,  худи маҷмаа  аз ду фаввора, 7 пояи металлӣ иборат аст. Дар болои он дар баландии наздик ба 20 метр ҷойи тамошо  ва 7 сутуни  асосии тоҷ, асос ва худи тоҷ бо хафт ситораи даврзананда  ҷойгир буда,  мавзеъ бо чароғакҳои ранга зеб дода шудааст. Дар он нишастгоҳҳои замонавӣ барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонони шаҳр насб карда мешаванд.
Ҳамчунин дар ду паҳлуи он гузаргоҳи зеризаминӣ ҷойгир буда, дар  дохили деворҳои он галерея бо акс  санаҳои таърихӣ, ки инъикосгари таърихи 25 соли даврони истиқлолияти кишвар  ва ҳамчунин  харитаи Тоҷикистон бо тасвири ҳамаи минтақаҳои кишвар ва иншооти таърихии кишвар  ҷойгир карда мешаванд.
Ҳоло корҳо дар иншооти мазкур бо маром идома ёфта, анҷоми корҳои сохтмониву  баистифодадиҳӣ ва пардабардорӣ аз болои он  моҳи сентябр- дар рӯзҳои таҷлили ин ҷашни бузурги давлатӣ амалӣ мегардад.

Август 24, 2016 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад