Бунёди Муҷассамаи таърихи фарҳангии «Истиқлол» дар маркази Суғд
Хуҷанд, 24.08.2016/АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи таҷлили ҷашни бошукӯҳи кишвар 25 солагии Истилолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми роҳбарияти вилояти Суғд дар маркази вилоят боз як иншооти ҷашнӣ — Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии «Истиқлол» ба истифода дода мешавад. Маҷмааи мазкур дар гардиши мавзеи хиёбони Садриддин Айнӣ, воқеъ дар соҳили рости шаҳри Хуҷанд, паҳлӯи биноҳои асосии таълимии ДДХ ва ДДҲБСТ бунёд хоҳад шуд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» масъулини сохтмони иншоот иттилоъ доданд, фармоишгари соохтмони иншооти мазкур Идораи сохтмони асосии вилоят ба ҳисоб рафта, ҳоло дар ин мавзеъ аз ҷониби ҳашт ширкати пудратчӣ корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Баландии маҷмааи мазкур 55 метр, паҳноии асосии он 45 м ва паҳноии масоҳати умумии мачмаа 8882 м2-ро дар бар гирифта, худи маҷмаа аз ду фаввора, 7 пояи металлӣ иборат аст. Дар болои он дар баландии наздик ба 20 метр ҷойи тамошо ва 7 сутуни асосии тоҷ, асос ва худи тоҷ бо хафт ситораи даврзананда ҷойгир буда, мавзеъ бо чароғакҳои ранга зеб дода шудааст. Дар он нишастгоҳҳои замонавӣ барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонони шаҳр насб карда мешаванд.
Ҳамчунин дар ду паҳлуи он гузаргоҳи зеризаминӣ ҷойгир буда, дар дохили деворҳои он галерея бо акс санаҳои таърихӣ, ки инъикосгари таърихи 25 соли даврони истиқлолияти кишвар ва ҳамчунин харитаи Тоҷикистон бо тасвири ҳамаи минтақаҳои кишвар ва иншооти таърихии кишвар ҷойгир карда мешаванд.
Ҳоло корҳо дар иншооти мазкур бо маром идома ёфта, анҷоми корҳои сохтмониву баистифодадиҳӣ ва пардабардорӣ аз болои он моҳи сентябр- дар рӯзҳои таҷлили ин ҷашни бузурги давлатӣ амалӣ мегардад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






