Бузургтарин намоиши дастовардҳои Истиқлолият дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Душанбе, 20.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бузургтарин намоиши дастовардҳои Истиқлолият ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар саҳни Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мегардад ва дар он кормандони Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ бо намоиши китобҳо ҳузур пайдо мекунанд. Ҳадаф- ҷалби мардум ба мутолиаи китоб мебошад.
Дар намоишгоҳ зиёда аз 50 корхонаву муассисаҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе дастовардҳои худро ба намоиш мегузоранд.
Сокинони пойтахт ба намоиши китоби Китобхонаи миллии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз фаъолияти имрўзаи Китобхона ва қоидаҳои вуруд ба китобхонаву фармоиши китоб пурсон мешаванд.
Кормандони шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ ҳар ҳафта зимни баргузории намоиши китобҳо шароиту имконияти донишандўзӣ ва афзалиятҳои узвият ба Китобхонаи миллиро ба шаҳрвандон фаҳмонида, онҳоро ба китобу китобхонӣ даъват мекунанд ва барои тарғибу ташвиқи Китобхона буклетҳо тақсим мекунанд.
Намоишгоҳи мазкур бо ташаббуси Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ то Рўзи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ҳар бегоҳи шанбе баргузор мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






