Чин барои тарҳи нишони Бозиҳои зимистонаи олимпии 2022 озмуни байналмилалӣ эълон кард
Душанбе, 02.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Мардумии Чин барои тарҳи нишони Бозиҳои зимистонаи олимпии 2022 озмуни байналмилалӣ эълон кардааст.
Дар ин бора Агентии иттилоотии ТАСС бо такя ба Агентии «Синхуа» хабар медиҳад.
Ба озмун пешниҳоди тарҳи нишон новобаста аз миллат, ҷинс, пеша ва синну сол қабул карда мешавад. Муҳлати охири пешниҳоди тарҳи нишон моҳи декабри соли соли 2016 муайян шудааст.
31 июли соли равон сомонаи расмии Кумитаи ташкилии Бозиҳои Олимпӣ www.beijing-2022.cn ба кор шурӯъ кард.
Боиси зикр аст, ки соле қабл, яъне 31 июли соли 2015 оид ба макони баргузории Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2022 овоздиҳӣ сурат гирифта буд. Дар овоздиҳӣ аз байни ду шаҳрҳои калонтарин-Алма-ато ва Пекин ғолибият насиби пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин гардид.








АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон хаво 24 дараҷа гарм мешавад
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






