Чин фаъолтарин сармоягузор дар иқтисодиёти Тоҷикистон ба шумор меравад

Август 4, 2016 17:02

 Душанбе, 04.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Чин бо $ 142 миллион  дар раддабандии кишварҳои асосии сармоягузор ба иқтисодиёти Тоҷикистон зинаи аввалро касб менамояд. Русия  бо $ 35 миллион  дар зинаи дуюм қарор дошта, саҳми Британияи Кабир  дар воридоти сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон $ 12 миллионро дар нимсолаи аввали соли 2016  ташкил додааст.
Зинаҳои баъдӣ дар самти воридоти сармояи хориҷӣ  ба Тоҷикистон ба кишварҳое назири Олмон, Туркия, Швейтсария, Қазоқистон  рост меоянд. Дар маҷмӯъ дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон  220 миллион доллари ИМА cармояи мустақими кишварҳои хориҷӣ ворид гардидааст. Воридоти  сармояи мустақими хориҷӣ   ба иқтисодиёти кишварамон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 114 миллион сомонӣ ё 7% зиёд шудааст.
Тибқи маълумоти Қодири Қосим, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсолаи Кумита, дар ин давра  воридоти умумии сармоя ба ҷумҳурӣ наздик ба 3,6 миллиард сомониро ташкил дод, ки аз он зиёда 1,7 миллиард сомонӣ сармояи мустақим аст.

Август 4, 2016 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад