Чин фаъолтарин сармоягузор дар иқтисодиёти Тоҷикистон ба шумор меравад
Душанбе, 04.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Чин бо $ 142 миллион дар раддабандии кишварҳои асосии сармоягузор ба иқтисодиёти Тоҷикистон зинаи аввалро касб менамояд. Русия бо $ 35 миллион дар зинаи дуюм қарор дошта, саҳми Британияи Кабир дар воридоти сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон $ 12 миллионро дар нимсолаи аввали соли 2016 ташкил додааст.
Зинаҳои баъдӣ дар самти воридоти сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон ба кишварҳое назири Олмон, Туркия, Швейтсария, Қазоқистон рост меоянд. Дар маҷмӯъ дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон 220 миллион доллари ИМА cармояи мустақими кишварҳои хориҷӣ ворид гардидааст. Воридоти сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисодиёти кишварамон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 114 миллион сомонӣ ё 7% зиёд шудааст.
Тибқи маълумоти Қодири Қосим, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсолаи Кумита, дар ин давра воридоти умумии сармоя ба ҷумҳурӣ наздик ба 3,6 миллиард сомониро ташкил дод, ки аз он зиёда 1,7 миллиард сомонӣ сармояи мустақим аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






