Дар 25 соли истиқлолият зиёда аз 2000 километр роҳҳои мошингард бунёду навсозӣ гардида, 190 километр хатти нави роҳи оҳан сохта шуд

Август 24, 2016 10:49

Душанбе, 24.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода супоридани роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб зимни суханронӣ, аз ҷумла зикр намуд, ки  дар тӯли солҳои истиқлолият ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои гузошташуда дар соҳаи нақлиёти кишвар 45 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ шуда, зиёда аз 2000 километр роҳҳои мошингард бунёду навсозӣ гардиданд ва 190 километр хатти нави роҳи оҳан мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Аммо ин ниҳояти кор нест, зеро татбиқи пурраи ҳадафи зикршуда барои кишвари мо аҳаммияти стратегӣ дошта, солҳои оянда низ ҳамчун самти муҳимму афзалиятнок идома дода мешавад.
Бо ин мақсад, ҳоло дар соҳаи нақлиёту роҳсозии кишвар татбиқи 14 лоиҳа ба маблағи умумии панҷуним миллиард сомонӣ идома дорад.

Август 24, 2016 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе