Дар қаламрави кишвар Марафони ҷумҳуриявӣ оид ба велосипедронӣ доир гардид

Август 1, 2016 16:39

Душанбе, 01.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкиму рушди оммавияти варзиши намуди велосипедронӣ 30 июли соли равон  дар  қаламрави мамлакат Марафони саломатии велосипедронӣ бо иштироки оммаи васеи мардум доир гардид.
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба ҳавасмандии зиёди сокинони мамлакат дар солҳои охир ба ин намуди варзиш тасмим гирифт, ки силсиламарафонҳои ҷумҳуриявӣ ва миллиро барои ҷалби бештари сокинон, махсусан ҷавонписарону ҷавондухтарон дар ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавии ин намуди варзиш баргузор намояд.
Тавре аз Кумитаи мазкур хабар доданд, ин марафон  дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Хуҷанд, Хоруғ, Кӯлоб ва ноҳияи Рашт  баргузор шуд.
Мавриди зикр аст, ки рушди варзиши намуди велосипедронӣ баҳри таҳкими тарзи ҳаёти солим, нишонаи ободиву озодӣ ва осудагии миллат ва шукргузорӣ аз 25 соли Истиқлолияти комили кишвар шаҳодат медиҳад.

Август 1, 2016 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад