Дар ҷамоати Сағирдашт дидбонгоҳи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба фаъолият оғоз намуд

Август 2, 2016 12:06

Хоруғ, 02.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷамоати Сағирдашти ноҳияи Дарвоз дидбонгоҳи нави Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба фаъолият оғоз намуд. Агарчи дар маркази ноҳия дидбонгоҳи оташнишонӣ мавҷуд аст, аммо ба иллати дурии роҳ ва баъзан баста шудани он гурӯҳи сӯхторхомӯшкунандагон наметавонистанд сари вақт ба маҳалли ҳодиса ҳозир шаванд.
Сардори шуъбаи Хадамоти оташнишонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ Анвар Шолангаров  изҳор намуд: «Ин мавзеъ яке аз ҷамоатҳои дурдасти вилоят ба шумор рафта, дар фасли зимистон дар ағбаи Хобу Рубот барфи зиёд борида, роҳро ба муҳлати беш аз 6 моҳ масдуд мекунад. Аз ин рӯ,  Хадамоти давлатии оташнишонии кишвар бо дарназардошти  хоҳиши сокинони ин ҷамоат дидбонгоҳро боз намуд».
Ба гуфтаи сардори ШХДО ВМКБ, ин сеюмин дидбонгоҳи оташнишонӣ дар давоми се соли охир мебошад. Дар даврони Истиқлолият теъдоди кормандони ин соҳа якуним баробар афзоиш ёфт. Се сол пеш дар ин шуъба 77 нафар кор мекарданд, аммо ҳоло ин шумора то ба 213 нафар расидааст.
Дар ин давра шуъбаи Хадамоти оташнишонӣ соҳиби 7 мошин ва даҳҳо техникаву механизмҳои зиддисӯхтор гардидааст.

Август 2, 2016 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд