Дар ҷамоати Сағирдашт дидбонгоҳи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба фаъолият оғоз намуд
Хоруғ, 02.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷамоати Сағирдашти ноҳияи Дарвоз дидбонгоҳи нави Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба фаъолият оғоз намуд. Агарчи дар маркази ноҳия дидбонгоҳи оташнишонӣ мавҷуд аст, аммо ба иллати дурии роҳ ва баъзан баста шудани он гурӯҳи сӯхторхомӯшкунандагон наметавонистанд сари вақт ба маҳалли ҳодиса ҳозир шаванд.
Сардори шуъбаи Хадамоти оташнишонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ Анвар Шолангаров изҳор намуд: «Ин мавзеъ яке аз ҷамоатҳои дурдасти вилоят ба шумор рафта, дар фасли зимистон дар ағбаи Хобу Рубот барфи зиёд борида, роҳро ба муҳлати беш аз 6 моҳ масдуд мекунад. Аз ин рӯ, Хадамоти давлатии оташнишонии кишвар бо дарназардошти хоҳиши сокинони ин ҷамоат дидбонгоҳро боз намуд».
Ба гуфтаи сардори ШХДО ВМКБ, ин сеюмин дидбонгоҳи оташнишонӣ дар давоми се соли охир мебошад. Дар даврони Истиқлолият теъдоди кормандони ин соҳа якуним баробар афзоиш ёфт. Се сол пеш дар ин шуъба 77 нафар кор мекарданд, аммо ҳоло ин шумора то ба 213 нафар расидааст.
Дар ин давра шуъбаи Хадамоти оташнишонӣ соҳиби 7 мошин ва даҳҳо техникаву механизмҳои зиддисӯхтор гардидааст.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






