Дар Беларус машқҳои навбатӣ бо неруҳои сулҳовари СААД таҳти унвони «Бародарии шикастнопазир-2016» гузаронида мешаванд
Душанбе, 22.08.2016 / АМИТ «Ховар» /. Дар Ҷумҳурии Беларус аз 23 то 27 августи соли 2016 машқҳои навбатӣ бо неруҳои сулҳовари Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) таҳти унвони «Бародарии шикастнопазир-2016» гузаронида мешаванд, ки он бояд ба қисми муҳими омодагии фаврӣ ва ҳарбии ҷузъҳои гуногуни неруҳои СААД дар соли равон табдил ёбад. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти СААД иттилоъ доданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти СААД, «тибқи нақша ин панҷумин машқҳои сулҳовари СААД мебошад, ки дар шаҳри Барановичи Беларус дар машқгоҳи ҳарбии «Обуз-Лесновский» гузаронида мешавад. Ривояти расмии машқҳо — «Омодагӣ ва пешбурди амалиёт оид ба посдории сулҳ аз ҷониби неруҳои дастаҷамъии сулҳи (НДС) СААД мебошад».
Зимнан, мақсади машқҳо дур шудан аз қолибҳои маъмулӣ ва такмили як қатор навовариҳои муфидро дар назар дорад, ки усулҳои нави иҷрои вазифаҳои посдории сулҳро дар ҷараёни амалиёти пурра оид ба пуштибонии сулҳ инъикос менамояд.
Барои нахустин бор СААД CCM ваколати Шӯрои Амнияти СММ-ро ба даст мегирад ва дар минтақаи буҳронӣ дар ҳамкорӣ бо миссияи СММ амал хоҳад кард. Кори мақсаднок дар самти беҳтар намудани захираҳои сулҳоварии СААД аз таваҷҷуҳи намояндагони созмонҳои дигари байналмилалӣ дур намемонад. Ба машқҳо намояндагони Котиботи СММ ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх даъват шудаанд.
Дар машқҳо беш аз 1000 нафар афсарону сарбозони сулҳовар аз ҳайати неруҳои мусаллаҳ, неруҳои дохилӣ ва полиси ҳамаи шаш давлатҳои узви СААД (Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Тоҷикистон), зиёда аз 500 адад таҷҳизоти авиатсионӣ, мошинҳои зиреҳпӯш ва автомобил ширкат меварзанд.
Дар марҳилаи ниҳоии машқҳо, дар ҷараёни коркарди давраи фаъоли машқҳо аз рӯи ҳашт ҳодисаи тактикӣ дабири кулли СААД Николай Бордюжа, намояндаи доимии Федератсияи Русия дар Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) Александр Грушко, намояндаи вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Сербия Д.Арсениевич ва як гурӯҳ шахсони расмӣ иштирок мекунанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






