Дар «Боғи Пойтахт» нахустин Бозиҳои миллии варзишгарони маъюб гузаронида мешавад
Душанбе, 23.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар арафаи оғози бозиҳои параолимпӣ бо дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти «Оперейшн Мерси», Кумитаи миллии параолимпӣ ва Федератсияи варзишгарони маъюби Тоҷикистон иқдом намудааст, ки нахустин Бозиҳои миллии варзишгарони маъюбро бо аробачаи маъюбӣ баргузор намояд.
Тавре раиси Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон Асадулло Зикрихудоев хабар дод, бозиҳои параолимпӣ дар майдончаи «Боғи Пойтахт» 24 август соати 17:30 гузаронида шуда, варзишгарон аз намудҳои баскетбол, волейбол, пойга, рақс дар аробачаҳои маъюбӣ ҳунарнамоӣ мекунанд.
Асадулло Зикрихудоев гуфт, ки мақсад аз баргузории бозиҳои миллии варзишгарони маъюб- ин нишон додани нақши воситаҳои тавонбахшӣ барои фаъол будани шахсони имконияташон маҳдуд мебошад.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст






