Дар Душанбе байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Қатар лоиҳаи созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини амният баррасӣ гардид

Август 19, 2016 15:42

Душанбе, 19.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода  имрӯз зимни мулоқот бо Сафири Фавқулода ва Мухтори давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алӣ ибн Муборак ал-Муҳаннадӣ зикр кард, ки ҳамкории ду давлати дӯсту бародар аз муносибатҳои дӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амири давлати Қатар маншаъ гирифта, дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла дар Вазорати корҳои дохилӣ густариш ёфтаанд. Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масоили мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосир ибрози андеша намуданд.
Ҳамчунин лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати давлати Қатар дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаҳои мубориза бо ҷинояткорӣ ва амният мавриди баррасӣ карор дода шуд.
Рамазон Раҳимзода гуфт, ки ба имзорасии лоиҳаи Созишномаи мазкур- ин, пеш аз ҳама, баҳри тақвият ёфтани ҳамкорӣ ва равобити дуҷонибаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати умури дохилаи давлати Қатар муфид буда, он муҳим арзёбӣ мегардад.
Ҷонибҳо изҳори умедворӣ карданд, ки лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати давлати Қатар дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаҳои мубориза бо ҷинояткорӣ ва амният ба наздикӣ ба имзо мерасад.

Август 19, 2016 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон