Дар Душанбе даври ниҳоии Фестивал-озмуни «Андалеб-2016» оғоз мешавад

Август 9, 2016 09:26

Душанбе, 09.08.2016 /АМИТ «Ховар»/.  12 августи соли равон  дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016» баргузор мегардад.   Дар  он  ҳунарнамоии санъаткорони  ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар назар аст.
12 август  соати 16:30 сараввал намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва соати 18:00 барномаи консертӣ пешкаши тамошобинон мегардад.
Намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои консертии 10 шаҳру навоҳии кишвар, ки ба даври ниҳоии озмун роҳ ёфтаанд, то 21 август идома меёбанд. 23 август бо намоиши гулчини барномаҳои ҳунарии ҳамаи шаҳру навоҳӣ Фестивал-озмуни «Андалеб-2016» ҷамъбаст мегардад.

Август 9, 2016 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе