Дар Душанбе даври ниҳоии Фестивал-озмуни «Андалеб-2016» оғоз мешавад
Душанбе, 09.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. 12 августи соли равон дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016» баргузор мегардад. Дар он ҳунарнамоии санъаткорони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар назар аст.
12 август соати 16:30 сараввал намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва соати 18:00 барномаи консертӣ пешкаши тамошобинон мегардад.
Намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои консертии 10 шаҳру навоҳии кишвар, ки ба даври ниҳоии озмун роҳ ёфтаанд, то 21 август идома меёбанд. 23 август бо намоиши гулчини барномаҳои ҳунарии ҳамаи шаҳру навоҳӣ Фестивал-озмуни «Андалеб-2016» ҷамъбаст мегардад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






