Дар Душанбе Конфронси байналмилалии «Амнияти сейсмикӣ дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад
Душанбе, 02.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади гузаронидани гуфтушуниди озод байни олимон ва намояндагони ҷамъиятӣ оид ба масъалаҳои амнияти заминҷунбӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ, барқароркунии ҳамкории судманд, табодули дастовардҳо ва технологияҳои ҷадид, ҷалби донорҳои байналмилалӣ барои ҳалли мушкилоти мавҷуда оид ба амнияти сейсмикӣ 25 — 27 августи соли равон Конфронси байналмилалии «Амнияти сейсмикӣ дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ» -ро дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор менамояд.
Тавре Шервони Умриддин, сухангӯи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, дар конфронс масъалаҳои гузаронидани мониторинги сейсмикӣ дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, муттаҳид намудани кӯшишҳои сейсмологҳо барои мубодилаи фаврии маълумот ҷиҳати паст кардани хавфи заминҷунбиҳои байнисарҳадӣ, дурнамои таъсиси низоми ягонаи мушоҳидаҳои сейсмикӣ дар Осиёи Марказӣ, арзёбии хавфи сейсмикӣ дар минтақаҳои аҳолинишин, осебпазирии сейсмикӣ дар сохтмони шаҳрҳои калон, таҳияи сенарияҳои оқибатҳо аз заминҷунбиҳои сахти эҳтимолӣ, мукаммалсозии лоиҳакашӣ ва сохтмони биноҳои ба заминҷунбӣ тобовар ва бехатарии сарбандҳо дар минтақаҳои кӯҳӣ мавриди баррасии олимон ва коршиносон қарор мегиранд.
Дар конфронс олимон ва мутахассисони соҳаи сейсмология аз Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Русия, ИМА, Олмон, Норвегия, Швейтсария, Австрия, Фаронса, Италия, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон, Эрон ва Чин, инчунин намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, СММ, Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ иштирок менамоянд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






