Дар Душанбе муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҷопон баррасӣ шуданд
Душанбе, 05.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҷопон дирӯз, 4 август зимни мулоқоти муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва Сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаҷиме Китаока баррасӣ гардиданд.
Тавре аз ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҷонибҳо инчунин роҷеъ ба Ҳамоиши дарпешистодаи байналмиллалии сатҳи баланд оид ба ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он таҳти унвони «Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт» (Душанбе, 9-11 августи соли 2016), ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи идоракунии офатҳои табиӣ ва ҳамкории минбаъда дар доираи Муколамаи Осиёи Марказӣ + Ҷопон табодули назар кардаанд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






