Дар Хоруғ Форуми соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ оғоз гардид
Хоруғ, 24.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Форуми навбатии соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ бо ширкати масъулини бархе аз вазорату кумитаҳои марбутаи кишвар ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ба кори худ оғоз кард. Сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Латиф Шоҳзода гуфт, панҷ сол аст, ки ин форум дар вилоят доир мешавад ва дар баланд бардоштани сатҳи омодагии соҳибкорони маҳаллӣ ба гуфтугӯ ва ҳамкорӣ бо сармоягузорону донорҳо, фароҳам овардани шароит барои ҷалби ҷавонону занон ба фаъолияти соҳибкорӣ нақши муассир мегузорад. Қабл аз форум ба унвони кумитаи тадорукотӣ даҳҳо бизнес-нақшаҳо ворид шуданд, ки дар давоми ду рӯз ҳамаашон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода мешаванд.
Бунёди корхонаҳои хурди коркарди пашму пӯст, сабзавоту меваҷот, парвариши занбӯри асал, моҳӣ, рушди риштаи сайёҳӣ барномаҳое ҳастанд, ки соҳибкорон ба онҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир кардаанд. Пас аз мунозираву муҳокимаҳо беҳтарин барномаҳо баргузида ва барои маблағгузорӣ ба саромягузорони ватанию берунӣ пешниҳод мегарданд.
Форум бо ибтикори Кумитаи давлатии сароягузорӣ ва амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамасола дар охири моҳи август дар шаҳри Хоруғ баргузор мегардад.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст






